Маркази таълимии АТМХТ 18 марти соли 2021 семинар  доир ба масъалаҳои қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳоро, ки ба муносибатҳо дар соҳаи нигаронидани руёниш ба молу мулки гаравӣ, тартиби пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ ба мақомоти судӣ, иҷроиши санадҳои судӣ ва ғайра алоқаманд мебошад, ташкил кард.
Дар семинар хукукшиноси АТМХТ доир ба тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузории соҳавӣ, алалхусус қонунгузории бонкӣ, гарав маълумот пешниход кард.
Судяи суди салоҳияти умумӣ(суди гражданӣ) нигаронидани руёниш тавассути суд ба предмети гарави молу мулки манқул ва ғайриманқул, хусусиятҳои пешниҳоди даъво дар ин самт ба судҳои салоҳияти умумӣ аз нигоҳи таҷрибаи судӣ баромад кард.
Судяи суди иқтисодӣ оиди хусусиятҳои пешниҳоди даъво ба судҳои иқтисодӣ аз нигоҳи қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ, тартиб ва хусусиятҳои хоси танзимнамоии қонунгузорӣ маълумот пешниход кард.
Намояндаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди конунгузории истеҳсолоти иҷро ва масъалаҳои ҷойдошта саволу ҷавоб, муҳокимаи кушод гузарондан.
Семинар дар натиҷабандии чорабинӣ, масъалаҳои мавҷудбуда ва роҳҳои ҳалли онҳо бо рохи саволу ҷавоб ва муҳокимаи кушод ба анчом расид.