12 октябри соли 2023 дар Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон назди АТМХТ семинар доир ба масъалаҳои қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳо, ки ба муносибатҳо дар соҳаи нигаронидани руёниш ба молу мулки гаравӣ, тартиби пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ ба мақомоти судӣ, иҷроиши санадҳои судӣ ва ғайра алоқаманд мебошад, барпо гардид.
Баҳри гузаронидани чорабинии мазкур намояндагони суди салоҳияти умумӣ, суди иқтисодӣ ва иҷрочиёни судӣ ҷалб шудаанд.