21 октябри соли 2023 дар Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон назди АТМХТ семинари омӯзишӣ вобаста ба тағйироту иловаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №257 дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ, гузаронида шуд.
Барои гузаронидани семинар мутахассиси шуъбаи дастгирии ҳуқуқии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.