Мўҳтарам аъзоёни АТМХТ,

     Ба саҳматон расонида мешавад, ки санаи 12 апрели соли ҷори бо ташаббуси Ассотсиатсия мизи мудаввар бобати масъалаҳои гуногуни мубрами фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти андозу андозбандӣ гузаронида шуд.

     Дар чорабинии мазкур зиёда аз 50 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ба сифати иштирокчӣ ва намояндагони Кумитаи андоз, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати баромадкунандагон иштирок намудаанд.

    Ногуфта намонад, ки қаблан, чанд рўз пеш аз баргузории чорабинии мазкур, аз ҷониби Ассотсиатсия мактуби дахлдор ба мақомотҳои давлатӣ ирсол гардида буд, ки дар он масъалаҳои муҳокимашудаи мизи мудаввар зикр шуда буданд. Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти андоз ва Вазорати молия тибқи рўйхати масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ, ки дар мактуб зикр шуда буданд, ба саволҳои ҳозирин посуҳои муфассал доданд.

    Новобаста аз ин, дар рафти муҳокимаи баъзе аз масъалаҳои мавҷуда, норавшаниҳо ва гуногунфаҳмиҳо боқӣ монданд ва аз ҷониби намояндаи Вазорати молия чунин ибрози ақида шуд, ки ҳамаи масъала ва пешниҳодот бобати такмили қонунгузории андозро метавонанд аъзоёни Ассотсиатсия бо мактуби ягона ба гуруҳи доимо амалкунандаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба такмили қонунгузории андоз ирсол намоянд ва минбаъд ин гуна пешниҳодот ба инобат гирифта хоҳад шуд.

    Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён баён гашт, ки номзадии Ассотсиатсияро барои аъзо шудан ба гуруҳи кории мазкур  пешниҳод намоянд.

    Инчунин, дар рафти мизи мудаввар намояндаи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин пешниход намуд, ки пешниходоти мавҷударо ба унвони онҳо низ ирсол намоянд ва хамаи онхо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шўрои машваратӣ низ муҳокима хоҳад гашт.

Қобили қайд аст, ки баргузор гаштани мизи мудаввари мазкур ба фаъолияти аъзоёни АТМХТ таъсири мусбӣ расонида, иштирокчиён тавонистан то ҳое ба саволҳои худ посух гиранд.

Дар сурати пайдо шудани ҳама гуна саволҳо доир ба чорабинии барпошуда, Шумо метавонед ба хукукшиноси Ассотсиатсия бо телефони: 98-863-99-55 ва ё бо сурогаи электронии: Borbadiromishgar@mail.ru мурочиат намоед.

         Барои хамкории судмандатон миннатдорем.