Бонки миллии Тоҷикистон баҳри таъмини сиёсати самараноки пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётии худ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии монетариро таҷдид менамояд.

Аз ҷумла, ҷиҳати вусъат додани амалиётҳои монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар амалиётҳои монетарӣ меъёри фоизи амалиётҳои қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) баробар ба меъёри бозтамвил +1 банди фоизӣ (б.ф) муайян карда шуд.

Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба амалиётҳои қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва музоядаҳои қарзӣ предмети гарав бо назардошти коеффитсиенти ислоҳӣ (hair-cut rate) барои коғазҳои қиматнок 1,0 ва барои асъори хориҷӣ 1,1 муқаррар карда шуд.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, муваққатан ҷалб намудани пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат ва танзими ҳаҷми пул фишанги доимамалкунандаи монетарӣ – амалиётҳои амонатии шабонарӯзӣ (овернайт)-ро аз 11 июни соли 2018 бо меъёри фоизии баробар ба меъёри бозтамвил тарҳи 9 б.ф. барқарор менамояд. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути гузаронидани амалиётҳои амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) метавонанд маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз ба муҳлати як шабонарӯз нигоҳ доранд

Лозим ба ёдоварист, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ, тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвилро пешниҳод карда истодааст. Истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки дар мавриди норасоии маблағ ба Бонки миллии Тоҷикистон тариқи низоми электронии ”Thomson Reuters” дархост пешниҳод намуда, эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар қонеъ гардонанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ