Вобаста ба роҳандозии Барномаи минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, рӯзҳои 19-20 апрели соли 2018, бо ташаббуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар машғулияти омӯзишӣ – амалӣ баргузор гардид.

IMG_8239.jpg

Ҳадафи Барномаи минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурду миёна ҷорӣ намудани таҷрибаи амалӣ (ноу-хау) дар самти маблағгузории соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб рафта, лоиҳаи мазкур барномаи мустақими омӯзишӣ ва табодули дониш барои муассисаҳои молиявӣ мебошад.

Барномаи минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурду миёна ба ташкилотҳои молиявии кишвар дар баробари пешниҳоди майдони мубодилаи донишу таҷриба, инчунин, ҷиҳати дастрасии мунтазам ба таҷрибаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи мазкур тавассути воситаҳои рақамӣ кӯмак хоҳад намуд. Мақсади ниҳоии барномаи мазкур табдил додани платформаи рақамӣ ба низоми васеъ ва дастраси омӯзишии реҷаи онлайнӣ барои ташкилотҳои молиявӣ мебошад.

IMG_8242.jpg

Лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар курсҳои омӯзишии мустақим дар мавзӯҳои гуногуни вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо ба соҳибкории хурду миёна иштирок намуда, аз таҷрибаҳои пешқадам баҳра гиранд.

Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур дар баробари намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд инчунин, намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ташкилотҳои қарзии кишвар ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ