7 марти соли равон, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) таҳти роҳбарии директори Департаменти амалиётҳои ITFC Назем Нормали, вобаста ба фаъолияти ITFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои васеъ намудани амалиётҳои корпоратсияи мазкур дар бозори молиявӣ, аз он ҷумла рушди бахши хусусӣ, мулоқоти корӣ анҷом дод.

563A7669.JPG

Дар оғози мулоқот Назем Нормали дар бораи фаъолият ва ҳадафҳои Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат ҳамчун ниҳоди мустақили ҳайати гуруҳи Бонки исломии рушд маълумот дод. Қайд гардид, ки мақсади асосии ITFC дастгирии муносибатҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, мусоидат ва миёнаравии молиявӣ ба ширкатҳо дар маблағгузории тиҷорат ва пешниҳоди таҷҳизоти зарурӣ барои рушди савдо дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.

Директори Департаменти амалиётҳои ITFC изҳор дошт, ки мутобиқи дурнамои нав ITFC ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, хусусан соҳибкории хурду миёна ва ҳамкорӣ бо бонкҳои маҳаллӣ диққати бештар медиҳад. Дар робита ба ин, Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат ҷиҳати татбиқи самараноки амалиётҳо тавсеаи ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни мулоқот қайд намуд, ки айни замон, Бонки миллии Тоҷикистон барои тезонидани раванди дар амал ҷорӣ намудани низоми бонкии исломӣ таҳияи бастаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати оғози ҷараёни иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом медиҳад ва дар назар аст, соли равон нахустин бонки исломӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ намояд.

563A7677.JPG

Дар робита ба миёнаравии молиявии ITFC дар самти саҳмгузорӣ дар рушди тиҷорат Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои потенсиали кофии маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла, қувваи барқи обӣ, маҳсулоти сохтмониву аграрӣ ва металҳои ранга буда, Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат метавонад дар самти содироти маҳсулоти зикршуда ба кишварҳои хориҷӣ дуру наздик хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур, инчунин сармутахассиси ITFC оид ба илм Хоҷамурод Хоҷаев, роҳбари бахши робита бо ҷомеаи ITFC Анвар Неъматов, директори Департаменти назорати бонкии БМТ Нурмуҳаммад Шарипов, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалии БМТ Фарҳод Билолов, муовини директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори БМТ Олим Абдусаломов ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ