Рейтинги кредитии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Standard and Poors” низ дар сатҳи рушди устувор баҳогузорӣ гардид

Ширкати рейтингии байналмилалии «Standard and Poors” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B-, рушди устувор (B-, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд. Ҳисоботи мазкур 28 августи соли ҷорӣ дар сомонаи ширкати “Standard and Poors” нашр гардид. Ширкати мазкур рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.

НБТ

Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб рафта, василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат мебошад, ки вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи “А”, “В” ва “С” ишора мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру тавсияҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бо агентиҳои рейтингии байналмилалӣ муайян намояд.

Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.