Таърихи АТМХТ

Барномаҳои қарзи хурд дар Тоҷикистон солҳои 1998-2000 аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии Care International, Mercy Corps, AKTED, Фонди Оғохон, Агроаксияи Олмон, Counterpart Consortium, Барномаи рушди СММ ва ташкилотҳои ғайридавлатии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), Ташкилоти ҷамъиятии «Ситораи Наҷот», Ташкилоти ғайридавлатии «Меҳрангез», Ташкилоти ғайридавлатии «Оила» барои амали гардидан, оғоз намуданд.

Натиҷаҳои асосии кори лоиҳаҳои татбиқшудаи аз ҷониби ташкилотҳои мазкур ин вусъати воқеии роҳ ёфтани одамони сатҳи даромадашон паст ба манбаъҳои маблағгузори барои пешбурди тиҷорати хурд, иштирок дар савдо, фаъолияти истеҳсоли, инчунин пешниҳоди хизматрасонии миқёси хурд гардид.

Нуқтаи асоси барои ташаккули маҳзани қонунгузори ва меъёрию ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд ва рушди бахши маблағгузории хурди Тоҷикистон ин дар асоси Меморандум дар бораи якдигарфаҳмии байни Бонки миллии Тоҷикистон ва USAID-и аз ҷониби Корпоратсияи байналмиллалии молияви таҳиягардида ва Қонуни соли 2004-ум қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои ташкилотҳои маблағгузории хурд» гардид. Чораҳои қонунгузории қабулшуда барои ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқи ва ташкилии фаъолияти маблағгузории хурд имкон дода, бахши маблағгузории хурди Тоҷикистонро ба қисми асосии низоми молиявии милли табдил медиҳанд, ки он манбаъҳои маблағгузориро ба аҳолии бештар ниёзманд пешниҳод намуда, рушди соҳибкори ва тиҷорати хурдро тақвият мебахшад.

Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ташкилоти ғайритиҷорати маҳсуб ёфта, ташкилотҳои фаъолияти маблағгузории хурд, инчунин бархе аз ташкилотҳои ба рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон манфиатдорро дар асоси ихтиёри муттаҳид сохта, амали менамояд. Ассотсиатсия моҳи январи соли 2004 расман ба қайд гирифта шуда, яке аз аввалин ташкилотҳои ҳамин навъ дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Ибтидои фаъолияти ассотсиатсия дар соли 2000-ум ба роҳ монда шуда буд, ки якчанд ташкилотҳои ғайридавлатии ба татбиқи барномаҳои маблағгузории хурд машғулбуда, дар ибтидои ҷамъияти ба Иттифоқи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои муштарак ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ муттаҳид мешуданд.

Ба иттифоқи ТМХ Тоҷикистон чун ташкилотҳои маҳаллии Ташкилоти Ҷамъиятии «Ситораи наҷот». Ташкилоти ғайридавлатии «Меҳрангез», «Ассотсиатсияи занони соҳибкори Тоҷикистон» (АЗСТ), инчунин ташкилотҳои байналмиллалии Care International, Mercy Corps, AKTED, Фонди Оғохон, Агроаксияи Олмон, Counterpart Consortium, дохил шуданд.

Аз моҳи феврали соли 2005 ассотсиатсия ҳамкории босамарро бо Ҷамъияти Олмон оиди ҳамкории техники (GTZ) дар доираи лоиҳаи «Дастгирии хизматрасонии хурди маблағгузори дар минтақаҳо» ва Иттиҳоди маблағгузории хурди II Осиёи Миёна (CAMFA II) – лоиҳаи маблағгузори кардашудаи USAID ва амалинамудаи ACDI/VOCA оғоз намуд.

Аз моҳи ноябри соли 2006 ассотсиатсия бо Агентии Рушд ( ICCO) – ташкилоте, ки бо донишкадаҳои молиявии аз нав таъсисёфта дастрасии хизматрасонии мунтазами маблағгузориро барои аҳолии камбизоат ва одамони камдаромаддошта бо афзалияти маблағгузории деҳот таъмин менамояд, ҳамкориро ба роҳ монд.

Рушди хизмати Олмон (DED) яке аз хизматҳои пешбари аврупои оид ба фиристодани экспертҳо маҳсуб ёфта, аз соли 2006 ба ассотсиатсия барои рушди донишкадавии тобеи идораи АТМХТ дар ш. Хуҷанди вилояти Суғд мушовиреро вогузор намуд.

Аз соли 2009 АТМХ Тоҷикистон ҳамкориро бо GTZ барномаи минтақавии дастгирии бахши маблағгузории хурд дар Осиёи Миёна оғоз намудааст. Ба шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи ин ташкилотҳо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) маркази захираҳои гуногуни бахши маблағгузории хурд ва форуми умумимилли барои ҳамкории ташкилотҳои маблағгузории хурд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомотҳои дигари танзимкунанда, аҳли ҷомеа, донорон ва маблағгузорони байналхалқи гардид.

АТМХТ кӯшиш менамояд шабакаи миллии устувори донишкадаҳои маблағгузории хурдро, ки иштирокчии асоси дар қабул намудани қарорҳои низоми молиявии кишвар мебошанд, ба шакли муайян дароварда, дар доираи ҳадафҳои худ АТМХТ ба муҳити ҳуқуқии мусоид ва ба ташкилотҳои маблағгузории хурд хизматрасонии касбии таълимию машварати дода, инчунин ба ҷори намудани меъёрҳои миллии фаъолияти маблағгузории хурд кӯмак расонад.

АТМХТ ташкилоти нисбатан амалкунанда буда, қобилияти ҳимояи манфиатҳои аъзоёни Ассотсиатсияро дошта, дорои низоми иттилоотии фавриест, ки ҳолати худро ба ҳамдигар мувофиқ карда, низоми пурсамари тайёри ва аз нав тайёр намудани кадрҳоро барои бахши маблағгузории хурд, инчунин моҳияти дастгирии ташкилотҳои маблағгузории хурди миёнаву хурдро ифода менамояд.

Ассотсиатсия бо ҳама гуна донишкадаҳои маблағгузории хурд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, макони ҷойгиршави, усулҳои маблағгузори, ҳаҷму сатҳи тараққиёт ҳамкори менамояд. Фаъолияти Ассотсиатсия дар усулҳои поквиҷдони, шаффофият ва сифати баланди хизматрасони асос ёфтааст. Айни замон Ассотсиатсия аз 77 ташкилотҳои маблағгузории хурди дурнамои ва қобилиятнокро муттаҳид месозад.