Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2018, таҳти №12 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” фаъолияти ҶСП ТАҚХ “Боварӣ ва ҳамкорӣ” қатъ карда шуд.

Иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “Боварӣ ва ҳамкорӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2014, №74 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.