Барои аъзои Ассотсиатсия шудан  бояд ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои ташкилот, хоҳиши ҳамроҳ шудан ба АТМХТ-ро дошта  ва ба максаду вазифахои  АТМХТ мухолифат надошта бошад.

АТМХТ дар маҷлиси умуми  27 январи соли 2007 меъёрхои  барои узвият дар  ташкилотхои  маблаггузории хурд АТМХТ  кабул намуд, ки мувофики он  ташкилот  бояд  ба меъёрхои зерин чавобгу бошад:

-Дар сандуки карзии ташкилот на кам аз 10,000 долл. ИМА бошад.

–  Ташкилот бояд дар бозори маблағгузории хурд на камтар аз 6 моҳ фаъолият  намояд.

–  Сифати сандуки карзи на камтар аз  30 руз бо меъёри 5 % ба таъхир гузошта шавад

– Саривакт пешниҳоди намудани  ҳисоботи босифат ба  АТМХТ ва дигар мақомотхои назораткунанда.

– Саривакт пешниход намудани хисоботи дакик ба макомоти андоз.

-Чойгир намудани маълумот дарр бораи ташкилот да сомонаи MixMarket.

Оянда ба шумо лозим аст, барои бо муқаррароти Эъломия ва қоидаҳои дохилии АТМХТ шинос шуда ва ҳуҷҷатҳои зеринро ба Дирексияи иҷроияи АТМХТ пешниход намоед.  1. Ариза барои  узвият ба АТМХТ; 2. Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ; 3. Нусхаи иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани фаъолияти маблағгузории хурд (агар ТМХ).Шумо ҳамчунин бояд «Кодекси одоби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон» ба имзо расонед; Ариза аз тарафи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсия баррасӣ, ва тасдиќ карда, мешавад ва ташкилот  ҳамчун  узви  АТМХТ қабул мегардад. Илова бар ин, ҳаққи узвият вобаста ба сандуқи қарзӣ ташкилот тартиб дода мешавад мешаванд:

Сандуки карзии ташкилот Маблаги аъзоги бо доллари ИМА
Зиёдтар аз 20,000,001 долл. ИМА 2000
аз 10,000,001 то  20,000,000 долл. ИМА 1500
аз 5,000,001  то  10,000,000 долл. ИМА 1000
аз 3,000.001  то     5,000,000 долл. ИМА 860
аз2,000.001   то     3,000,000 долл. ИМА 540
аз 1,000.001   то    2,000,000 долл. ИМА 500
аз 500.001      то   1,000,000 долл. ИМА 330
аз 250.000     то   500.000 долл. ИМА 180
Камтар аз 250.000 долл. ИМА 120

Ташкилотхое,  ки ба фаъолияти қарзӣ шомил нестанд,    пардохти  ҳаққи  аъзоги 350 ИМА. Ин узвияти шарики номида мешавад.
Ҳаққи дохилшави узви нави аъзо ба  АТМХТ 200 доллари ИМА мебошад. Аъзоёни аз нав аъзо шуда, бояд хакки аъзошави ва инчунин аъзохакии солона бояд пардохт намоянд. Масалан  агар як аъзои  нав бо сандуки карзӣ хачман  500,000долл.  ба аъзоги  дар аввали мохи май кабул шавад, он бояд пардохт намояд;

1.Пардохти хакки даромад   200 долл. ИМА

  1. Пардохти аъзохакии солона $180/12*8=$120

Хамаги:  320$