Бо мақсади шарҳи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” ва таъсири он ба таҷрибаи қарздиҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, 21 феврали соли 2019 дар мавзӯи «Имкониятҳои асосии маблағгузории тиҷорати хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дороиҳо» семинари омӯзишӣ доир намуд.

NBTL5784-1.JPG

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, коршиносони байналмилалӣ ва дохилии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) барои намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, институтҳои молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд иқтидор ва дурнамои татбиқи ислоҳоти мазкурро дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ муаррифӣ намуданд.

NBTL5768-2.JPG

Cардори Идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Бахтиёр Баҳриддинов зимни суханронӣ мавзӯи мазкурро чунин шарҳ дод: “Мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” ба беҳтар гардидани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектҳо, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани “уҳдадориҳои таъминшуда” мусоидат намуда, интизор меравад дар фаъолияти қарздиҳӣ ва баргардонидани қарз тағйироти ҷиддиеро ба миён оварад. Тағйироти мазкур мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд”.

NBTL5766-3.JPG

Роҳбари лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Зарина Одинаева зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур дар Тоҷикистон меъёрҳоро вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва тартиби бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда ба танзим дароварда, дастрасии босамари молиявӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин менамояд.

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисон ба аҳли нишаст оид ба афзалият ва имкониятҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд, ки мавриди муколама ва мубодилаи афкор қарор ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки мавзӯи мазкур давоми ду рӯз зимни баргузории тренинги амалӣ мавриди омӯзиши пурра қарор дода мешавад.