ОЗМУН

Бинобар сабаби рушди Ташкилот ва ба ин васила мақсади вусъат додани ҳузури худ дар минтақаҳои кишвар, ҶДММ ТАҚХ ФИНКА кушодани Марказҳои Хизматрасонии Бонки иловагиро ба нақша гирифтааст!
Аз ин лиҳоз ҶДММ ТАҚХ ФИНКА ба ҳайати худ мутахассисони баландихтисоси соҳаи бонкиро даъват менамояд, ки баҳри ба даст овардани таҷрибаи корӣ дар сатҳи ташкилоти байналмилалии дорои фарҳанг ва арзишҳои махсуси корпоративӣ ҳавасманд мебошанд.
ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» дар ҷустуҷӯи МУТАХАССИС ОИД БА РУШДИ БИЗНЕС ва ЁВАРИ ШУЪБА барои кор дар ноҳияҳои, Ҳисор, Муминобод, Восеъ, Фархор, Бохтар, Ҷомӣ, Балхӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ, Дустӣ, Спитамен, Темурмалик, Ҳамадонӣ мебошад.
Ихтисоси матлуб:
 Маълумоти олии пурра;
 Малакаҳои хуби таҳлил ва математика;
 Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;
 Таҷрибаи кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel Internet);
 Қобилияти кор кардан дар даста ва мустақилият;
 Донистани хусусиятҳои хоси деҳот;
 Донистани забонҳои тоҷикӣ, узбеки ва русӣ;
 Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;
 Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт.
Шароити кор ва сатҳи музди меҳнат ба таври инфиродӣ муҳокима карда мешаванд. Барои мусоҳиба номзадҳои мувофиқ даъват карда мешаванд.
ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” тарафдори фароҳам овардани имкониятҳои баробари касбӣ барои мардон ва занон аст, аз ин рӯ мо ҳамаи занони соҳибихтисосро даъват менамоем, ки дар ин озмун фаъолона иштирок намоянд.
Дархостҳои худро (анкета бо забони тоҷикӣ ё бо забони русӣ) метавонед то 7 феврали соли 2020 ба почтаи электронӣ hr@finca.tj ё ба суроғаҳои ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» дар ноҳияҳои номбурда фиристонед.
Телефон барои маълумот: 44 600-23-23
Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!