Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандон ва зарурати дарёфти мутахассисони баландихтисос, аз миёни кормандон, ки метавонанд донишу малакаи худро ба кормандони ҷавони филиалҳо пешниҳод намоянд, тасмим гирифт дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Маркази таълим ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон» дар назди «Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон» (АМФОТ) курсҳои омузишии тайор намудани тренерони соҳибкасбро ба роҳ монад.

Photo cfqn

        Маҳз ҳамин иқдом буд, ки аллакай муддати ду рўз як гурўҳи кормандон аз ҷониби тренерони соҳибкасб аз АМФОТ малакаю дониши худро, сайқал додаистодаанд. Ҳадафи асосӣ ин омузишу таҳлили ҳамаҷонибаи қарзгир ва кафолати маблағи ба қарз пешниҳодшуда аз ҷониби мутахассисон мебошад. Лозим ба зикр аст, ки мутахассисон пас аз гузаштани ин курсҳои омўзишӣ боз дар алоҳидагӣ аз мусоҳиба мегузаранд ва сипас беҳтаринҳо сазовори сертификатҳои касбӣ шуда барои омузонидани ҷавонон кормандони Бонк ба филиалҳо сафарбар карда мешаванд. Ин иқдом метавонад барои самаранок пешниҳод шудани маблағҳои қарзӣ ба мизоҷон ва аз байн бурдани хавфҳои бонкӣ дар самти қарзӣ натиҷаи мусбат диҳад.