Мавзӯи “Муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ” дар ҷаласаи мизи мудаввари Гурӯҳи корӣ оид ба идомаи фаъолият дар самти муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ, ки 1 марти соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори мизи мудаввар Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ, намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд (АМФОТ), бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ширкат варзиданд.

NBTL6058-1.JPG

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаласаи XVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (аз 30 январи соли 2017) ва ҷаласаи васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, ҷиҳати муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ ва дарёфти роҳҳои давра ба давра паст намудани меъёри фоизи қарз, дар Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

NBTL6053-2.JPG

Ёдовар карда шуд, ки дар самти мазкур Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта таҳти роҳбарии собиқ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарони сохторҳои калидӣ корҳои зиёдеро барои муайян намудани арзиши аслии қарз ба итмом расонид ва дар минбаъд низ Бонки миллии Тоҷикистон назорати татбиқи сиёсати фоизиро ҳамчун омили таъсиррасони рушди иқтисодиёти кишвар ба роҳ мондааст.

NBTL6085-3.JPG

Дар натиҷа меъёри миёнавазни қарзҳо аз 28,2 фоиз дар соли 2017 ба 26 фоиз дар соли 2018 паст карда шуда, ҳаҷми қарзҳои додашуда аз 7,7 млрд. сомонӣ ба 8,2 млрд. сомонӣ афзуд.
Қайд гардид, ки марҳилаи дуюми пешгирифташудаи Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон баҳри муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизии ташкилотҳои қарзӣ равона мешавад, ки дар ин самт дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи он амалӣ хоҳад шуд.

NBTL6086-4.JPG

Зимни вохӯрӣ Муовини Раиси БМТ Салимова Л. изҳор дошт, ки зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ, махсусан ба соҳаҳои истеҳсолӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзӣ, кам кардани қарзҳои ғайрифаъол бо мақсади нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо, вусъат бахшидани амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани он, инчунин вусъат бахшидани кор ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ, яке аз масъалаҳои мубрами соҳа ба ҳисоб рафта, моро вазифадор менамояд, ки баҳри рафъи он чораҳои амалӣ андешем. Таъсиси Гурӯҳи корӣ ва ҷамъ овардани ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади дар ҳамкорӣ муайян намудани усулҳои фоизӣ дар низом мебошад.

NBTL6040-5.JPG

Дар идомаи мизи мудаввар, сардори Идораи омор ва тавозуни пардохт Бахтиёр Баҳридинов оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2018 ва мавқеи низоми бонкӣ дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ сухан карда, муаррифии худро дар мавзӯи “Муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ” ба иштирокдорон бо таҳлили васеъ оид ба нишондиҳандаҳои фоизии ташкилотҳои қарзӣ дар марҳилаҳои гуногун ва тамоюли афзоишу коҳиш манзур намуд. Дар муаррифии худ мавсуф оид ба сандуқи қарзӣ ва қарзҳои додашуда, бақияи пасандозҳо, меъёри фоизи қарзу пасандозҳо, хавфҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва чораҳои андешидашуда баҳри бартараф намудани онҳо, талабот доир ба пур кардани ҳисоботҳои оморӣ ва вазифаҳо барои соли 2019, дурнамои ташкилотҳои қарзӣ оид ба пешниҳоди қарз маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зикр карда шуд, ки барои рушди низоми бонкӣ бояд сатҳу сифати хизматрасониҳо баланд ва шаффофияти фаъолият таъмин карда шуда, Инчунин, ҳисоботҳои молиявӣ ва маълумотҳо оид ба хизматрасониҳо саривақт дар сомонаҳои ташкилотҳои қарзӣ нашр гардида, роҳандозии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ВАО ҷоннок ва маҳсулоти нави амонатӣ барои интиқолгирандагон ҷорӣ карда шавад.
Дар қисмати ҷамъбастӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова барои ҳамкории судманд дар самти муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ ба аҳли нишаст изҳори сипос намуда, таъкид бар он дошт, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки рушди иқтисоди миллии кишварамон аз он вобастагии ҳамаҷониба дорад, бо истифода аз ҳисоби манбаҳои худӣ, амонатҳои ҷалбшуда, ташкилотҳои қарзии дохилии ҷумҳурӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ саҳми арзандаи худро бо пешниҳоди фоизҳои дастрас ба аҳолӣ гузоранд. Аз ин рӯ, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки то муҳлати муайян ҷиҳати муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ таклифу пешниҳодҳои худро барои корбарии минбаъдаи Гурӯҳи корӣ ирсол намоянд.