Санаи 28 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба чораҷӯӣ намудани масъалаҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола баргузор гардид.

Nizom_1.JPG

Дар ҷаласаи корӣ намояндагони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Ролф Бернт, Ахмед Фарагалаҳ, Зарина Одинаева ва Наргис Почоева иштирок намуданд. Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зарурият ва афзалиятҳои роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдиро қайд намуда, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани теъдоди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ фикру мулоҳизаи худро ба ҳозирин баён намуданд.

Nizom_2.JPG

Сипас, аъзоёни Гурӯҳи корӣ ба муҳокимаи бандҳои лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ки қаблан дар доираи Гурӯҳи корӣ таҳия шуда буд, шурӯъ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо — аъзоёни Гурӯҳи кории номбурда ба лоиҳаи қарори болозикр тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, он мукаммал карда шуд.

Nizom_3.JPG

Дар фарҷоми ҷаласаи корӣ Муовини Раиси БМТ Салимова Лола пешниҳод намуд, ки лоиҳаи ниҳоии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ирсол карда шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин мувофиқа карда шавад. Зикр гардид, ки дар зинаи ниҳоӣ баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ қобили қабул дониста шуд.

Nizom_4.JPG

Идораи низоми пардохт