11 апрели соли 2018 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Фабритсио Фрабонӣ мулоқоти корӣ анҷом дод. Бояд гуфт, ки ҷаноби Фабритсио Фрабонӣ мутахассиси бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади доир намудани машваратҳо оид ба беҳтар кардани инфрасохтори молиявии Тоҷикистон рӯзҳои 9-11 апрели соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор дорад.

563A2260.JPG

Дар оғози мулоқот Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт, ки бо назардошти мавҷуд будани сатҳи хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таърихи қарз” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Танзими бозори иттилоотии қарз ба паст шудани вобастагӣ ба гаравҳо, роҳ надодани қарздиҳии хавфнокиашон аз ҳад зиёд, пешгирӣ шудани қарзҳои такрорӣ, мониторинги бозори қарзӣ, беҳтар шудани танзиму назорати бонкӣ ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, барои таҳким бахшидани назорат ва пешгирӣ намудани қарзҳои хавфашон баланд, ки ба рушди низом таъсири манфӣ мерасонанд, модули муайян оид ба таърих ва коркарди маълумотҳои қарзӣ зарур мебошад.

563A2222.JPG

Дар баробари ин, Сироҷиддин Икромӣ аз фаъолияти сусти Бюроҳои таърихи қарзии кишвар ва сатҳи пасти ҳамкории ташкилотҳои қарзӣ бо идораи мазкур изҳори нигаронӣ намуда, аз намояндагони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ташаббускори ин лоиҳа буданд, вобаста ба масъалаи мазкур пурсон шуд.

Мутахассиси пешбари бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Фабритсио Фрабонӣ дар навбати худ қайд намуд, ки инфрасохтори мубодилаи иттилооти қарз дар идоракунии хавфи қарзӣ ва таъмини устувории молиявӣ нақши муҳим дорад.

563A2220.JPG

Вобаста ба ин, номбурда оид ба шаклу усулҳои ташкили низоми табодули маълумоти қарзӣ барои танзимгар ва мақсадҳои сиёсати монетарӣ дар кишварҳои дигар изҳори андеша намуда, барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои худро баён дошт.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур омӯзиши инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил ва рушди фаъолияти низоми табодули маълумоти қарзӣ буда, дар баробари ин масъалаҳои такмили низоми ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мутахассиси пешбари бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Фабритсио Фрабониро дар мулоқоти корӣ сармутахассиси бахши молияи (IFC) Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Зарина Одинаева ҳамроҳӣ кард.

Шуъбаи матбуоти БМТ.