Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита), ки имрӯз 19 марти соли 2018 баргузор гардид, ҷиҳати паст намудани меъёри бозтамвил ба андозаи 0,75 банди фоизӣ (б.ф) ва дар сатҳи 14,0 фоизи солона муқаррар кардани он қарор қабул гардид. Қарори мазкур вобаста ба муътадилии сатҳи нархҳо ва ба нишондиҳандаи мақсадноки таваррум — 7,0 (+/-2%) фоизи солона мутобиқ гаштани он қабул гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳи феврали соли 2018 сатҳи таварруми солона ба 5,2 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 1,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба тамоюли пастравии таваррум дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ пеш аз ҳама коҳишёбии интизориҳои таваррумӣ, мувозинатии талаботу пешниҳодот дар бозори хӯрокаи истеъмолӣ ва бозори дохилии асъор мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар ин давра поёнравии нархи бархе аз маҳсулотҳои серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, биринҷ, равғани растанӣ, сабзавот мушоҳида гардид. Инчунин, нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳишёбӣ дошт, ки ин пеш аз ҳама ба муътадил гардидани нархи воридотии он вобастагӣ дорад.

Дар баробари ин, вобаста ба пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ фишорҳои монетарию қурбӣ ба сатҳи таваррум маҳдуд карда шуданд, ки дар натиҷа сатҳи таварруми аслӣ бо арзёбии солона ба 1,9 фоизи солона расид.

Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум то интиҳои нимаи аввали соли 2018 раванди поёнравиро идома дода, минбаъд ва дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% + 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамзамон, хавфҳои эҳтимолии ба афзудани сатҳи таваррум таъсиррасон асосан бо омилҳои кутоҳмуддати мавсимӣ, шокҳои пешниҳодот, эҳтимолияти зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва лаппишнокии он, инчунин бо омилҳои беруна, аз қабили мавқеи сиёсати монетарии Низоми федералии захиравии ИМА ва вазъи геосиёсӣ дар минтақа алоқамандӣ дорад.

Дар мавриди амалигардии хавфҳои мазкур ва таъсири он ба вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон мавқеи сиёсати монетарии худро мутаносибан нигоҳ медорад.

Айни ҳол, бо дар назардошти коҳишёбии хавфҳои таваррумӣ дар иқтисодиёт ва тадриҷан ба эътидол омадани вазъи иқтисоди берунӣ, Бонки миллии Тоҷикистон зарурати идома додани сиёсати қатъии монетариро намебинад ва аз ин лиҳоз меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,0 фоизи солона паст намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад.

Механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ бо дар назардошти вазъи унсури маҷмӯи талабот, раванди таваррум ва дурнамои он, таъсири омилҳои дохилию берунӣ ба вазъи макроиқтисодӣ дар ҷаласаҳои минбаъдаи Кумита баррасӣ хоҳад гашт.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида, қарорҳои қабулшуда дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон нашр мегарданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ