20 феврали соли 2018 Маҷлиси умумии солонаи аъзоёни Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис ҷонишини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мӯхтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ва кормандони Департаменти назорати бонкӣ иштирок намуданд.

^9E113CD4AEFA7DD7ECF93864956B3665C0EEDDEBBE1D8F9CF6^pimgpsh_fullsize_distr

         Мӯхтарам Икромӣ С. С.  дар баромади худ оиди раванди рушди низоми маблағгузории  хурд, дастовардҳои низоми бонкӣ ва натиҷаҳои ба дастомодаро кайд намуданд.  Дар соли 2017 нисбати  соли гузашта  дар ташкилотҳои маблағгузории хурд дороиҳо ба 7,1% , дороиҳои пардохтпазир ба 31,3% ва  маблағи умумии сандуқи қарзӣ  ҳамагӣ ба 0,35% афзоиш ефтаанд. Боиси хурсанди аст,ки қарзҳои таъхирафтода  ба 28,1% ва маблағи умумии  Фонди пушонидани талафотҳои имконпазир аз руи қарзҳо  ба  30,6% кам шудаанд. Дар баробари ин ӯҳдадориҳо ба 9,8% ва пасандозҳо (амонатҳо) ба 42,5% афзоиш ёфтааст. Дар баробари нишондиҳандаҳои мусбӣ, дар баромади худ муҳтарам Икромӣ С.С. оиди   мушкилотҳои  ҷойдоштаи бахши маблағгузории хурд қайд намуданд, аз ҷумла нисбати  он, ки тули солҳои охир иҷозатномаи 55 адад ташкилотҳои маблағгузории хурд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд карда шуд, ки аксарияти  онҳо ба таври маҷбурӣ бозхонд шудаанд. Айни ҳол дар бахши мазкур 67 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият доранд. Дар соли 2017 ҳамагӣ 20 адад ташкилоти маблағгузории хурд барҳам дода шудааст. Баҳри таъсиррасонӣ ба фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд аз ҷониби танзимгар 47 адад амрнома ирсол шуда, ба андозаи 1,7 миллион сомонӣ ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷарима карда шудаанд. Нисбати 9 адад ташкилот чораҳои манъи амалиёт ва ё гузоштани маъдудият ба он амалӣ шудааст. Нисбати 4 адад ташкилот бошад чораи таъсиррасонӣ дар шакли ивазшавии роҳбарият андешида шудааст.

^961A621A306E84B70A04B7F6B77F7E9B6F2746E0D4E6086E89^pimgpsh_fullsize_distr

Ҳамзамон, номбурда дар баромадаш оиди кирдорҳои ғайриқонунии роҳбарияти ташкилотҳои маблағгузории хурди зерин қайд намуд: ҶДММ ТҚХ “Ҳамдастӣ”, ҶДММ ТҚХ “Нисор фом”, ҶДММ ТАҚХ “Дастрас”, ҶДММ ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” ва ғайра. Икромӣ С.С. иловатан қайд намуд, ки дар бисёре аз ташкилотҳои маблағгузории хурд идоракунии корпоративӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст ва ё ин ки умуман мавҷуд нест. Дар охир, номбурда ба иштирокчиёни пешбурди мусбии фаъолияташонро баён намуд.

Оид ба рўзномаи маҷлис, яъне дида баромадани масъалаи қабули аъзоёни нави АТМХТ қайд кардани ҳастем,ки 2 адад ташкилоти маблағгузории хурд ва 1 адад ширкати дигар: ҶДММ ТАҚХ “СМТ Сармоя”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ Молия” ва ҶДММ “Айти Сервис” ба аъзогии Ассотсиатсиаи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон қабул карда шудаанд.

Раиси Шурои Директорони АТМХТ  Маюнусов Ф.  ба сифати аъзои нави Шурои директорони АТМХТ номзадии директори иҷроияи ҶДММ ТАҚХ “Алиф Сармоя”  Абдулло Қурбоновро пешниҳод намуда, суханро ба номбурда дод. Абдулло Қурбонов чунин иброз намуд, ки вобаста ба дурнамои рушди АТМХТ барои се соли минбаъда ӯ чунин самтҳоро афзалиятнок меҳисобад: такмили қонунгузорӣ, содданамоии андозбандӣ, рушди соҳаи маблағгузории ғайринақдӣ.

^2486B6CF0EA21A46B8F0901FD7AA6E7F74081A68A878AB39A0^pimgpsh_fullsize_distr

Оиди Ҳисобот фаъолияти АТМХТ дар соли 2017 директори иҷроияи АТМХТ Фаттидинова Зебуннисо баромад намуда, ҳисоботи  АТМХТ барои  соли 2017 пешниҳод намуд (бо тариқи презентатасия), Аз ҷумла, номбурда фаъолияти таҳлилӣ, ҳамкории мутақобилаи АТМХТ бо мақомоти давлатӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои АТМХТ гуфта гузашт.

Ҳисоботи фаъолияти МТРМХТ дар соли 2017  директори иҷроияи МТРМХТ  Ибрагимова Гулноз ба таври мухтасар намоиш –презентатсияро ба иштирокчиёни маҷлис пешниҳод намуд.

Оиди тасдиқи Оинномаи нав ва Низомномаи мақомоти идоракунии АТМХТ ва Низомнома дар бораи аъзогӣ ба АТМХТ мушовири ҳуқуқии АТМХТ Қурбонов Ф.Ф. баромад намуда, қайд намуд, ки зарурияти тағйироти сохтори мақомоти идоракунии АТМХТ мавҷуд мебошад, ки он тавассути қабул намудани Оинномаи АТМХТ дар таҳрири нав ва Низомномаи мақомоти идоракунии АТМХТ ва Низомнома дар бораи аъзогӣ ба АТМХТ метавонад амалӣ карда шавад.

Сипас лоиҳаҳои нави Оинномаи нави АТМХТ ва Низомномаи мақомоти идоракунии АТМХТ ва Низомнома дар бораи аъзогӣ ба АТМХТ тасдиқ шудаанд.

Оид ба масъалаи дигари рўзномаи маҷлис, яъне тасдиқи Консепсияи рушди низоми маблағгузории хурд ва АТМХТ барои солҳои 2018 — 2020 ва Матрисияи чорабиниҳо директори иҷроияи АТМХТ Фаттидинова З.Б. баромад намуда, тавассути презентатсияи мухтасар оиди ин ду ҳуҷҷат маълумоти заруриро ба аъзоёни АТМХТ пешниҳод намуд.