Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 17 декабри соли 2020, хусусияти андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ ба танзим дароварда шудааст. Бо мақсади фаҳмондадиҳии муқаррароти нави қонунгузории андоз аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд бо ҷалби кормандони масъули Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Собир Зокирович санаи 27.01.2021 с. бо иштироки намояндагони аъзоёни АТМХТ семинари омӯзишӣ – фаҳмондадеҳӣ барпо шуд.